Пайвандҳои дастрасӣ

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина аз Иттиҳоди Аврупо хост, пешниҳоди кишвараш барои пайвастан ба ин иттиҳодияро баррасӣ кунад. Ӯ рӯзи 27-уми апрел гуфт аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, эътироф кунад, ки Украина дар оянда метавонад, узви ин иттиҳодия бишавад. Петро Порошенко дар ин бора дар мулоқот бо сарони кишварҳои узви иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Киев сухан гуфт. Вай афзуд, Украина барои анҷом додани ислоҳоти зарурии сиёсӣ ва иқтисодӣ ба дастгирии зиёди Иттиҳодияи Аврупо эҳтиёҷ дорад. Нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Украина нахустин нишаст баъди имзои Аҳдномаи мушорикат байни ду тараф аст, ки соли гузашта ва пас аз барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқ ва Русиягарои Украина ба имзо расид. Дар нишасти мазкур раванди иҷрои созиши Минск низ баррасӣ мешавад, ки моҳи феврал ба имзо расид ва ҳадафи ниҳоиаш хотима додан ба муноқиша дар шарқи Украина аст. Дар ин низоъ то кунун 6100 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG