Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Непал аз 4000 гузашт


Мақомот мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларзаи қавӣ дар Непал аз 4000 нафар гузашт ва айни замон муассисаҳои хайрия ба амалиёти васеъмиқёси имдодӣ дар ин кишвар омода мешаванд. Пулиси Непал рӯзи 27-уми апрел дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки дар натиҷаи заминларза 3904 нафар ҷон додаанд ва 7180 каси дигар захм бардоштаанд. Заминларзаи 7.8 дараҷаии рӯзи 25-уми апрел бадтарин заминларзаи 80 соли ахир дар Непал аст. Ба гуфтаи мақомот, мумкин аст, теъдоди қурбониёни заминларза бештар бошад, зеро гузоришҳо аз манотиқи дурдаст ҳанӯз нарасидааст. Элизабет Бурс, сухангӯи Барномаи озуқаи Созмони Милал дар шаҳри Женева гуфт, амалиёти азиме барои кӯмак ба Непал оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG