Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллион доллари ФИФА барои студияи сайёри ФФТ


ФИФА ба ФФТ барои хариди студияи сайёри телевизионии андозаи HD TV ба маблағи 500 ҳазор доллар маблағгузорӣ кардааст.

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои хариди студияи нави сайёри телевизионии андозаи HD TV ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, студияи сайёри телевизионӣ дар доираи роҳандозии барномаи ФИФА «Income Generation» харидорӣ шудааст. Студияи мазкур, ки бо технологияи замонавии наворбардорӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони HD ҷиҳозонида шудаст, дар Тоҷикистон ҳамто надорад.

ФФТ бо ёрии ин студияи худӣ акнун имконият пайдо кардааст, ки на танҳо бозиҳои мунтахаби миллӣ, балки бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишварро зинда намоиш диҳад.

Студияи нави сайёри телевизионӣ барои аввалин бор ҷиҳати санҷиш дар бозии даври сеюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (8:0) ва фестивали футболи кӯдакона дар доираи давраи бозомӯзии байналмилалии ФИФА аз рӯи барномаи футболи оммавӣ, ки рӯзи шанбеи 25 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, истифода шудааст.

XS
SM
MD
LG