Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо Ҷавод Зариф мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, қабл аз музокироти атомӣ дар Швейтсария дар рӯзи 16-уми марти соли 2015
Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, қабл аз музокироти атомӣ дар Швейтсария дар рӯзи 16-уми марти соли 2015

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 27-уми апрел бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот мекунад. Як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, ду тараф дар ҳошияи конфронси арзёбии панҷсола аз иҷрои Паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ дар шаҳри Ню Йорк гуфтӯгу мекунанд. Айни замон Амрико ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар саъй доранд, то рӯзи 30-уми июн созишномаи атомӣ бо Эронро ба имзо бирасонанд. Чаҳорчӯби ин мувофиқатнома рӯзи 2-уми апрел ҳосил шуд. Бар асоси ин созиши муваққатӣ, Эрон ризоият дод, ки дар ивази кам кардани таҳримоти байналмилалӣ теъдоди сентрифугаҳои ғанисозии ураниумро камтар мекунад ва дари таъсисоти атомиашро ба рӯи нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бозтар мекунад. Дипломатҳо бояд ҷузъиёти созишномаро дар бораи замони лағви таҳримот ва ояндаи барномаҳои атомии Эрон мувофиқа кунанд. Қудратҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон пинҳонӣ бомби атомӣ месозад, вале Теҳрон мегӯяд, ки ин нигарониҳо беасос аст.

XS
SM
MD
LG