Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши бомб 5 нафарро дар Зобул кушт


Амалиёти нерӯҳои афғон бар зидди Толибон дар аввали имсол дар вилояти Ҳилманд.

Амалиёти нерӯҳои афғон бар зидди Толибон дар аввали имсол дар вилояти Ҳилманд.

Бар асари таркиши бомб дар як хонае дар вилояти Зобули Афғонистон 5 нафар кушта шудаанд. Атто Ҷон, раиси маҷлиси вилоятӣ, рӯзи 27-уми апрел гуфт, як зану ду кӯдак дар ин ҳодиса дар ноҳияи Шинкай ҷон додаанд. Айни замон дар вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон даргирӣ миёни нерӯҳои пулис ва ҷангҷӯёни Толиб идома дорад. Умар Сафӣ, раиси вилоят гуфт, ки талафот дар ҳарду тараф ҳаст, аммо рақаме наовард. Се рӯз пеш аз ин Толибон гуфтанд, ки амалиёти «баҳорӣ»-ро оғоз карданд ва маъмурони пулису сарбозон ва мақомоти расмиро ҳадаф мегиранд. Рӯзи 26-уми апрел ҷангҷӯёни Толиб масъулияти қатли Гулоб Хон, сардори пулиси вилояти Урузгонро бар ӯҳда гирифтанд.

XS
SM
MD
LG