Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Украина


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина

Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо имрӯз 27-уми апрел бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, дар шаҳри Киев мулоқот мекунанд. Интизор меравад, дар ин гуфтӯгу иҷрои созиши Минск баррасӣ шавад, ки моҳи феврал ба имзо расид ва ҳадафи он, қатъи даргирӣ дар шарқи Украина ва хотима додан ба муноқиша аст. Созиши мазкур ҷангу даргириро камтар кард, аммо дар бораи нақзи оташбас ҳам аз тарафи ҷудоиталабони тарафдори Русия ва ҳам нерӯҳои давлатии Украина пайваста гузориш мерасад. Рӯзи 26-уми апрел артиши Украина гуфт, ки дар як ҳамлаи ҷудоиталабон як сарбозашро талаф додааст ва 7 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Баъди аз мақомаш барканор кардани Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Русиягарои Украина, дар соли гузашта ва имзои Аҳдномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо бори аввал аст, ки нишасти сарони кишварҳои иттиҳодия ва Украина баргузор мешавад. Интизор меравад, дар ин нишаст, ҷараёни ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ дар Украина ва дархости ин кишвар барои фиристодани посдорони сулҳи Аврупо барои назорати созиши оташбас баҳсу баррасӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG