Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Непал мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларзаи вайронгари рӯзи 25-уми апрел аз 3700 нафар ҳам гузаштааст. Ба гуфтаи онҳо, дар ин фалокати табиӣ бештар аз 6500 тани дигар захмӣ шудаанд. Муассисаҳои имдодӣ ва мақомот мегӯянд, ки дар бисёре аз бемористонҳо ҷой барои маҷрӯҳон ва доруворӣ намерасад. Созмони Милал гуфт, аз он бим дорад, ки тӯфону тундар дар Непал вазъи мардумеро бад мекунад, ки дар берун ва дар хаймаҳо зиндагӣ доранд. Рӯзи 26-уми апрел пасларзаи қавие сабаби тарма дар кӯҳи Ҳимолой шуд. Вайрон шудани роҳҳо низ монеи кӯмаки саривақтӣ ба мардуми мӯҳтоҷи минтақаҳои кӯҳистонӣ шудааст. Кишварҳои ҳамсоя ба Непал бо ҳавопаймоҳои низомӣ доруворӣ, ғизо ва оби ошомиданӣ фиристоданд. Заминларзаи қавии 7.8 дараҷаӣ дар рӯзи 25-уми апрел сахттарин зилзила дар 80 соли ахир дар Непал аст ва бисёре аз маҳаллаҳои қадимии Катманду, пойтахти Непалро вайрон кард. Ин заминларзаро дар Ҳинду Бангладеш, Тибет ва Покистон ҳам эҳсос карданд.

XS
SM
MD
LG