Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 кӯҳнавард дар ярч дар Эверест


Бар асари ярч дар Эверест, баландтарин қуллаи олам, дасти кам 22 кӯҳнавард ба ҳалокат расиданд. Ярч паёмади заминларзаи шадиди рӯзи шанбе дар Непал буд. Нашрияи The Times of India рӯзи якшанбе навишт, ки 217 нафари дигар беному нишон шудаанд. Беш аз 60 кӯҳнаварди дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Рӯзи 26 апрел боз як заминларза Непалро такон дод. Маркази ин зилзила бо нерӯи 6,7 дараҷаи Рихтер дар 60 килотмерии шарқи пойтахти кишвар Катманду ҷойгир буд.

Дар ҳамин ҳол теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиши рӯзи 25 апрел дар Непал аз марзи дувуним ҳазор нафар убур кард. Дар ин ҳодиса дасти кам панҷ ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ идома дорад. Дар амалиёт наҷотбахшон аз ИМА ва Чин ҳам ширкат мекунанд.

Заминларза он қадар нерӯманд буд, ки онро дар Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш ва Тибети Чин ҳам эҳсос карданд. Дар ин кишварҳо зиззила мунҷар ба ҳалокати дасти кам 60 нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG