Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ардашер Қодирӣ: "Бо табибони тоҷик дар Яман пайваста дар тамосем"


Сафири Тоҷикистон дар Қатар мегӯяд, ки дар низоъ дар Яман ба нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб нарасидааст.

Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 26 апрел гуфт, ки дар Яман беш аз 60 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрӣ мондаанд, ки ҳамаи онҳо табиб ё ҳамшираи шафқатанд. Расонаҳои чопи Маскав рӯзи якшанбе навиштанд, ки дар Яман асосан табибони рус боқӣ мондаанд ва табибон аз Украина, Тоҷикистон ва Узбакистон кишварро тарк намуданд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, табибони Тоҷикистон дар мавзеъҳои гуногуни Яман, аз ҷумла, Маҳра, Ҳадрамаут ва Абян кору зиндагӣ мекунанд, ки мавзеъҳои амну ором маҳсуб мешаванд. “Зарбаҳои ҳавоӣ аз тарафи Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ асосан ба шаҳрҳои бузурги Яман, аз ҷумла, Санъо ва Адан зада мешаванд. Дар минтақаҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, даргириҳо байни ҳусиҳо ва ҷонибдорони ҳукумати Яман сурат намегиранд, яъне он ҷойҳо минтақаҳои амну ороманд”.

Намоиши эътирозӣ алайҳи рабудани Гулрухсор дар Яман

Намоиши эътирозӣ алайҳи рабудани Гулрухсор дар Яман

Аслан, ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, мардуми Яман аз солҳои пеш силоҳбадастанд, аммо онҳо ба табибону ҳамшираҳои шафқат эҳтироми хоса доранд. Ардашер Қодирӣ аз қазияи табиби рабудашудаи тоҷик Гулрухсор Рофиева ёдовар шуд, ки барои раҳоии ӯ ҳама мақомоти кишвар, ҳатто вазири умури хориҷа, талошҳо карданд. “Шаҳрвандони хориҷие ҳастанд, ки солҳо дар асорати баъзе гурӯҳҳо дар Ямананд ва дар муддати на он қадар тулонӣ раҳо шудани Гулрухсор маънои арҷгузории аксари мардум ба ходимони тибро дорад”.

Сафири Тоҷикистон афзуд, “бар пояи иттилое, ки ман дорам, вазъи ҳама табибони тоҷик, онҳое, ки бо хоҳиши худ дар Яман мондаанд, хуб аст ва ба нафаре онҳо осебе нарасидааст ва умедворем, ки осебе ҳам нахоҳад расид”.

Аз Ардашер Қодирӣ суол кардем, ки тамос бо тоҷикистониҳои дар Яман боқимонда чӣ гуна сурат мегиард ваоё боз нафароне ҳастанд, ки рӯзҳои ахир хостори бозгашт ба Тоҷикистон шуда бошанд? “Тамоси мо он онҳо асосан тавассути чанд нафар тоҷикистоние сурат мегирад, ки раҳбарии намояндагиҳои ширкатҳои русӣ дар Яманро бар ӯҳда доранд. Аз ҷумла, бо онҳое ҳам, ки тавассути қарордодҳои инфиродӣ ба Яман рафтаанд ва дар муассисаҳои тиббии хусусӣ кор мекунанд”, гуфт дипломати тоҷик.

Ардашер Қодирӣ афзуд, ки хурӯҷи шаҳрвандони кишвар аз Ямани ҷангзада бо дастури вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон сурат гирифт ва як амали дастаҷамъонаи сафоратхонаҳо дар кишварҳои Халиҷи Форс, дигар кишварҳои арабӣ ва сафорати Тоҷкиистон дар Русия буд. Ӯ мегӯяд, ки “бахши аъзами шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои вазорати изтирории РусияЯманро тарк намуданд. Як бахши дигар аз тариқи Уммон ба Тоҷикистон баргаштанд, чанд нафари дигар аз тариқи Арабистони Саъудӣ, яъне аз роҳи заминӣ то ба Арабистони Саъудӣ расиданд ва аз ҷо бо ҳавопаймо ба Душанбе парвоз карданд”.

Дипломати тоҷик мегӯяд, ки рӯзи ҷумъа боз се шаҳрванди Тоҷикистон ба Саъудӣ расиданд. “Ҳоло сафорати Тоҷикистон бо ин кор машғул аст ва қарор аст, ки онҳо рӯзи сешанбе ба Душанбе парвоз кунанд”.

То имрӯз, ба иттилои Ардашер Қодирӣ, тақрибан 180 шаҳрванди Тоҷикистон Яманро тарк намудааст. Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи бозгашти 168 шаҳрванди кишвар хабар дода буд.

Ихроҷи шарвандони хориҷӣ аз Яман бо шурӯи амалиёти Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ алайҳи шӯришиёни ҳусӣ – мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман, ки бовар меравад аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд, оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, нахустин гурӯҳи панҷнафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои русӣ Яманро тарк карда буданд, 3 апрел ба Тоҷикистон баргашт. Як рӯз баъд аз ин бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Санъо, пойтахти Яман, берун оварда шуданд, ки дар миёни онҳо 14 кӯдак низ буд.

XS
SM
MD
LG