Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати 95,22 дарсад дар интихоботи Қазоқистон


Навбат барои раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии Остона.

Навбат барои раъйдиҳӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии Остона.

Комиссиюни марказии интихоботии Қазоқистон мегӯяд, 95,22 дарсади интихобокунандагон дар интихоботи президентии ин кишвар ширкат карданд. Раисиҷумҳурим феълӣ Нурсултон Назарбоев дар он бо Тургун Сиздиқов, раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва Абелгазӣ Кусаинов, раиси Иттиҳодияҳои синфии кишвар рақобат мекард.

Нурсултон Назарбоев баъд аз овоздиҳӣ дар интихобот ба хабарнигорон гуфт, дар сурати пирӯзияш, ба ислоҳоти густардае даст хоҳад зад, ки он марҳалаи дуввуми рушди кишвар хоҳад буд. Ҳадафи ислоҳот - дар сафи 30 кишвари пешрафтаи олам ҷой гирифтани Қазоқистон номбар шудааст.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентии Қазоқистон рӯзи душанбе эълон мешаванд

XS
SM
MD
LG