Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки бар асари чанд таркиши мошин дар шаҳри Бағдод ва атрофи он рӯзи 26 апрел дасти кам 12 тан аз сокинони осоишта кушта шуданд.

Ассошиэйтед Пресс бо такя ба як корманди полис аз таркиши мошин дар хиёбони Хелонӣ, дар як минтақаи тиҷоратии Бағдод хабар дод, ки бар асари он дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат рвсида, 15 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Як мансабдори дигари ҳукуматӣ аз ҳалокати чаҳор сокини осоишта дар таркиши мошин дар шаҳри Маҳмудия, воқеъ дар 30 километрии ҷануби пойтахт иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, боз як мошини ҳомили маводи тарканда дар минтақаи Амил, воқеъ дар ҷанубу ғарби Бағдод мунфаҷир шуд ва дасти кам 3 кушта бар ҷой гузошт.

Масъулияти ҳамлаҳро гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Бағдод ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” кардаанд. Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки нерӯҳои ҳукуматии Ироқ бо мусоидати ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА, талош доранд то ситезаҷӯёни “Давлати исломи”-ро аз манотиқи ғарбу шимоли Ироқ берун кунанд.

XS
SM
MD
LG