Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду шаҳрванди Шветсия аз асорат


Марго Валлстром
Марго Валлстром

Вазорати умури хориҷии Шветсия ва сафири Фаластин дар Стокҳолм дар бораи раҳоии ду шаҳрванди Шветсия аз дасти ситезаҷӯёни гурӯҳи “Ҷабҳат Ан-Нусра” хабар доданд.

Хабаргузории ТТ рӯзи 26 апрел бо такя ба ин манобеъ навиштааст, ин ду нафар, ки соли 2013 дар Сурия рабуда шуда буданд, рӯзи ҷумъа озод карда шуданд. Ному насаби раҳошудаҳо ошкор нашудааст, аммо ба навиштаи хабаргузорӣ, яке аз онҳо рӯҳонӣ аст.

Музокирот барои озод кардани шаҳрвандони Шветсия бо миёнаравии Хадамоти амнияти Фаластин дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятии Урдун ва Шветсия беш аз ду моҳ идома доштанд.

Дар як изҳороти катбӣ барои хабаргузории ТТ вазири умури хориҷии Шветсия Марго Валлстром ба ҳама кишварҳое, ки дар раҳоии гаравгонҳо саҳм доштанд, аз ҷумла, ба раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос изҳори сипос кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Шветсия аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG