Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зилзилаи Непал 1900 нафар ҷон бохтаанд


Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Непал то 1900 нафар афзоиш ёфт. Дар ин бора мақомоти кишвар рӯзи 26 апрел хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, дар зилзилаи рӯзи шанбе дасти кам 4700 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи якшанбе аз як қароргоҳи кӯҳнавардон дар баландтарин қуллаи олам Эверест ҷасади 17 нафар ошкор шуд. Бар асари ярч ба думболи заминларза садҳо кӯҳнавардон аз имкони тарки қулла маҳрум мондаанд.

Даҳҳо ҳазор сокинони Непал аз тарси такрори заминларза шаби гузаштаро зери осмон рӯз карданд.

Амалиёти наҷотбахшӣ дар манотиқи офатзада идома дорад. Дар баъзе минтақаҳо одамон ба хотири наҷоти афроди зери оворҳо монда корҳоро дастӣ анҷом медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ, маркази заминларзаи нерӯяш 7,8 дараҷаи Рихтер дар 82 километрии шимолу ғарби шаҳри Катманду ҷойгир буд.

Заминларза он қадар нерӯманд буд, ки онро дар Деҳлӣ ва ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон, ки дар наздикиҳои марз бо Непал ҷойгиранд, ҳамчунин дар Покистон, Бангладеш ва вилояти Тибети Чин ҳам эҳсос карданд. Дар ин кишварҳо заминларза мунҷар ба ҳалокати дасти кам 60 нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG