Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати раиси полиси Урузгон дар як сӯиқасд


Мақомоти афғон мегӯянд, ки бар асари тирандозии шахси ношинос раиси полиси вилояти Урузгон ва як сокини осоишта кушта шуданд. Ноёб, намояндаи волии Урузгон рӯзи 26 апрел ба хабаргузориҳо гуфт, ки генерал Гулоб Хон шоми рӯзи шанбе берун аз қароргоҳи полис дар маркази вилоят ҳадафи тир қарор гирифт. Нафари дигари дар ин ҳодиса кушташуда – меҳмони Гулоб Хон буд.

Ба гуфтаи оғои Ноёб, як корманди полис бо гумони даст доштан дар ин сӯиқасд боздошт шудааст.

Гулоб Хон аз ин пеш раиси идораи ҷустуҷӯи ҷиноёт буд ва аз моҳи гузашта, баъд аз куштори раиси собиқи полис дар як ҳамлаи маргталабона дар Кобул, раҳбарии идораи полиси вилоятро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG