Пайвандҳои дастрасӣ

​Даври сеюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми шанбеи 25 апрел натиҷагирӣ шуд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 24 апрел бо бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 8-0 ба анҷом расид.

Чаҳор бозии дигари даври сеюм рӯзи шанбеи 25 апрел барпо гардид. «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар майдони худ бар«Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3-0, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1-0 ғолиб омаданд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз дастаи меҳмон - «Равшан»-и Кӯлоб – бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 9 имтиёз пешсаф аст. “Регар-ТадАЗ” бо 7 имиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.“Хуҷанд” ва“Хайр” 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Хуҷанд” дар зинаи сеюм ва “Хайр” дар зинаи чорум чорум ҷойгир шудаанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«ИСТИҚЛОЛ» — «ПАРВОЗ» — 8:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 13 (1:0). Бледа Родригес, 29 (2:0). Парвизҷон Умарбоев, 47 (3:0). Ромиш Ҷалилов, 57 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 62 (5:0). Соҳиб Саванқулов, 75 (6:0). Умедҷон Шарифов, 77 (7:0). Дилшод Восиев, 88 (8:0).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ХАЙР» — 3:0
Голҳо: Соломон Течи, 8 (1:0). Идибек Ҳабибуллоев, 45+1 – ба дарвозаи худ(2:0). Илҳом Баротов, 48 (3:0).

«ВАХШ» — «РАВШАН» — 0:1
Гол: Наврӯз Рустамов, 59 - аз пеналтӣ.

«ХУҶАНД» — ССКА «ПОМИР» — 1:0
Гол: Ҳасан Рустамов, 20.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 1:0
Гол: Комил Саидов, 38.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Нишонзанҳои беҳтарин: Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Умедҷон ШАРИФОВ, Дилшод ВОСИЕВ (ҳарду – «Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум

2 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Равшан» – «Хуҷанд»

«Далерон-Ӯротеппа» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

“Барқи тоҷик» – «Парвоз»

3 май (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:30

ССКА “Помир” – “Истиқлол”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG