Пайвандҳои дастрасӣ

Ситора Назарова: "Хубиро аз хубрӯён бештар интизор бошед"


Ситора Назарова

Ситора Назарова

Ситора Назарова, аввалин маликаи ҳусни Тоҷикистон, мегӯяд, шояд замони эҳё кардани озмуни зебоӣ дар сатҳи миллӣ фаро расидааст.

Ситора Назарова, овозхони маъруфи тоҷиктабори Қазоқистон, ки 25 сол пеш дар нахустин озмуни зебоӣ дар Тоҷикистон ба дарёфти тоҷи Маликаи ҳусн муваффақ шуда буд, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бино ба иттилои ӯ, озмунҳои зебоӣ дар Тоҷикистон пурра аз байн нарафтаанд, аммо онҳо асосан дар сатҳи пойтахт маҳдуд мешаванд.

Охирин озмун зери унвони «Маликаи Интернет-2014» моҳи декабри соли гузашта дар пойтахт баргузор шуда буд ва дар он зебосанамҳо бо либоси миллӣ аз тарроҳи шинохта Умед Кучкалиев, либоси ташрифотӣ ва пироҳани тӯёна рӯи саҳна омаданд. Тоҷи «Маликаи Интернет-2014» ва роҳхат барои истироҳат дар Таиланд насиби Зарнигор Ҳусейнова шуд.

Ситора мегӯяд, бояд озмунҳои маликаи ҳусн дар сатҳи хеле болотар ва дар толорҳои бузург баргузор шаванд ва ғолибони онҳо имкони ширкат дар озмунҳои ҷаҳонии зебоиро дошта бошанд. «Бигирем, Туркия ҳам давлати исломист, аммо зебосанамҳояш дар озмунҳои Маликаи ҳусни сайёра ширкат мекунанду пирӯз мешаванд… Ин духтарон парчамбардорони миллати худанд ва миллаташонро ба оламиён муаррифӣ мекунанд. Аз Қазоқистон ҳам ҳар сол ғолиби озмуни Маликаи ҳусн ба озмуни ҷаҳонӣ меравад, аммо дар ин озмунҳои ҷаҳонӣ намояндагони Тоҷикистон нестанд».

Нисо Муборакшоева, тоҷикдухтаре, ки дар як озмуни зебоӣ дар Русия мақоми саввумро гирифт

Нисо Муборакшоева, тоҷикдухтаре, ки дар як озмуни зебоӣ дар Русия мақоми саввумро гирифт

Ба гуфтаи Ситора, духтарони тоҷик, бидуни шак, нигине дар ангуштарини Осиёи Марказиянд. «Ман чанд бор дар ҳузури раҳбарони кишварҳо, аз ҷумла, раҳбарони шӯравии собиқ, овозхонӣ кардаам. Онҳо омада аз ҳусни ман ситоиш мекарданд ва ман бо ифтихор мегуфтам, ки «Ман тоҷикам!» Ситора ёд меоварад, ки боре дар маҳфили зодрӯзи раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раҳбарони Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳангоми сурудхонии ман дар бораи намояндаи кадом миллат буданам шарт бастанд. Ислом Каримов пойфишорӣ кардааст, ки Ситора Назарова ҳатман узбак аст. "Ба ман гуфтанд, ки ба баҳси онҳо сафир ё як намояндаи Тоҷикистон хотима гузошта ва гуфтааст, ки Ситора тоҷик ва зиёда аз он ғолиби аввалин озмуни маликаи ҳусн дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи шоҳидон, баъди ин хабар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон якбора шукуфт».

Ситора меафзояд, ки озмуни миллии Маликаи ҳуснро метавон бо назардошти вижагиҳои миллӣ ва мазҳабии тоҷикон баргузор кард, яъне табиист, ки пироҳани шаффофу бикини набояд ҷой дошта бошанд. «Намедонам, ки чаро имрӯз ин гуна озмуни миллӣ баргузор намешавад, шояд касе нест, ки ин корро бар ӯҳда гирад», мегӯяд Ситора ва шӯхиомез меафзояд, «шояд ман барои ташкили ин гуна озмун дасту остин барзанам…»

ҶИЛВАИ ҲУСН Ё ТАШВИҚИ ШАҲВАТУ ФИСҚУ ФУҶУР?

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, озмуни маликаи ҳусн як навъ тиҷорат аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ривоҷ наёфтааст. «Дар Русия ё кишварҳои аврупоӣ барандаи озмуни зебоӣ аз имкониятҳои зиёд бархӯрдор мешавад, роҳаш боз мешавад. Барои ҳамин талош хеле зиёд аст. Аммо дар Тоҷикистон, мутаассифона, на зебоӣ, на дониш, на мадракҳои зиёд ба кас кафолати муваффақ шуданро намедиҳанд. Мо ҳанӯз ба ин дараҷа нарасидаем, ки ин чизҳо қадр шаванд ва дареро ба рӯи кас кушоянд», меафзояд ӯ.

Марям Давлатова

Марям Давлатова

Аз сӯи дигар ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ҷомеаи Тоҷикистон солҳои ахир хеле мазҳабӣ шудааст ва шояд баргузории ин гуна озмун боиси норозигиҳо дар ҷомеа шавад. Аммо Марям Давлатова мегӯяд, ки дар ин бора пешакӣ набояд қазоват кард, ва фақат «агар озмуни маликаи ҳусн баргузор шаваду афроди мазҳабӣ онро «пахш кунанд», он гоҳ метавон дар бораи ангезаҳояш чизе гуфт».

Ду сол пеш озмуни Маликаи ҳусни олам дар Индонезӣ боиси сару садои зиёд шуд. Созмондиҳандагон бо талаби рӯҳониёни кишвар аввал аз барнома бо бикиӣ рӯи саҳна омадани довталабонро лағв карданд ва ба ҷойи зебосанамҳои кишварҳои гуногун бо саронга – пироҳани дарози индонезӣ, ки бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст, ҳунарнамоӣ карданд.Узви ҳайати доварон ситораи синамо Нурулофарин гуфт, ки мо ба созишҳои дигар ҳам розӣ шудем, аммо баъд аз як намоиши эътирозӣ тасмим гирифта шуд, ки бахши ниҳоии озмун на дар як маҳаллаи канори шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ, балки дар ҷазираи Балӣ баргузор шавад.

Дар намоиши эътирозӣ рӯҳониён озмуни Маликаи ҳуснро "зиддиахлоқӣ" номиданд ва гуфтанд, довталабон бо намоиши бадан ва пироҳанҳои худ шаҳвату фисқу фуҷурро тарғиб мекунанд. Намояндаи Ҳизбуттаҳрир дар Индонезӣ Исмоил Юсанто озмуни Маликаи ҳуснро бо пуштибонӣ аз танфурӯшии занон мусовӣ донист.

Аммо Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ баргузор кардани озмуни Маликаи ҳусн як рукни озодиҳост. Зимнан озмунҳои зебоии духтарони мусалмон ҳам баргузор мешаванд ва, ба гуфтаи

Тоҷиддин Асомуддинзода

Тоҷиддин Асомуддинзода

мусоҳиби мо, шояд созмондиҳандагони иҷозае дар ин бора ба даст овардаанд. Ӯ меафзояд, "дар намоиши телевизионии "Зебосана«" бештар на зебоӣ, балки ба ҳунарҳо таваҷҷуҳ мешуд, ки ин арзиши бештар дорад. Ба гуфтаи Асомиддинзода, баргузор кардани озмунҳои тарроҳи беҳтарин, таббохи беҳтарин ва ё хонаводаи беҳтарин фақат ба манфиати мардум аст.

ҚАЙЧӢ МАЗАН БА МӮЯТ!.. ГУНОҲ АСТ?

Марям Давлатова бо он гуфтаи Ситора Назарова мувофиқ аст, ки дар Тоҷикистон духтарони зебо хело зиёданд ва онҳо метавонанд барандаи озмунҳои ҷаҳонӣ ҳам шаванд. Аммо, ҳоло волидайн ҳангоми интихоби арӯс бештар на ба ҳусни ӯ, балки ба кордонияш таваҷҷуҳ мекунанд ва «духтари хуб»-ро меписанданд. «Масалан, дар Панҷакент, одате ҳаст, ки волидайн кӯшиш мекунанд аввал духтари на он қадар зебои хонадонро ба шавҳар диҳанд, албатта, аз хешу табор ё шиносҳои худ, ба духтари хушчеҳра мегӯянд, ки «ту духтари зебоӣ, ҳамеша шавҳар меёбӣ». Ин ҳолат гоҳҳо боиси аз ҳам ҷудо шудани дилдодаҳо низ мегардад», мегӯяд Марям Давлатова.

Аммо шеваи интихоби арӯс аз сӯи ҷавонписарон, ба гуфтаи Марям Давлатова, то ҳол ҳеҷ тайғире накардааст, онҳо қабл аз ҳама ба чеҳраи духтар таваҷҷӯҳ мекунанд ва мехоҳанд, ки ҳамсари ояндаашон ҳатман зебо бошад.

Озмуни Маликаи ҳусни Осиё

Озмуни Маликаи ҳусни Осиё

Марям Давлатова мегӯяд, ки ҳоло зебо шудан кори душвор нест, ва дар қиёс бо солҳои пеш акнун аксари духтарони деҳотӣ ҳам аз рангу бор, ғоза ё косметика фаровон истифода мебаранд, доғҳои рӯяшонро «пок» мекунанд, мӯйи сарашонро қайчӣ мезананд.

Зимнан, бар пояи манбаъҳои исломӣ, зани бешавҳар ҳақ надорад, ки мӯи сарашро ранги сиёҳ кунад ё мӯяшро кӯтоҳ намояд. Зани шавҳардор ин корҳоро метавонад фақат бо иҷозаи шавҳараш анҷом диҳад. Ба занону духтарони мусалмон холкӯбӣ ё «татуировка» ҳам манъ шудааст. Дар як ҳадис аз Ибни Масъуд гуфта шудааст, ки Аллоҳ ба устоҳои холкӯб ва ба онҳое, ки баданашонро холкӯбӣ мекунанд, нафрат дорад. Чидани абрӯ ҳам аз нигоҳи ислом ҳаром аст, албатта, ба истиснои ҳолате, ки чидани абрӯ далели табобатӣ дошта бошад. Аммо зану мард иҷоза доранд, ки бадани худро аз мӯйҳо пок кунанд. Духтарони бешавҳар ҳаққи истифода аз рангу бор (косметика)-ро надоранд. Занҳои шавҳардор метавонанд бо иҷозаи шавҳар дасту пойи худро ҳинобандон кунанд.

"АЗ КӮЗА ҲАМОН ТАРОВАД, КИ ДАР ӮСТ"

Тоҷиддин Асомуддинзода мегӯяд, ки «зебоӣ дар ислом қадр дорад, зеро зебоӣ нишонаи камол ва сарчашмаи камолот худи парвардагор аст. Худи Паёмбар ҳам қабл аз рафтан ба назди мардум ва асҳоб худро меоростанд, яъне пироҳани пок мепӯшиданд ва чеҳраи худро ҳам мураттаб мекарданд». Ба гуфтаи ӯ, бо шаклу шамоили форам ба масҷид рафтан ҳам дастур аст.

Аммо, меафзояд мусоҳиби мо, фарди мусалмон бояд ҳам ҳам сурат ва ҳам сирати зебо дошта бошад ва "боре ҳадисеро шунида будам, ки «Хубиро аз хубрӯён бештар интизор дошта бошед». Агар дарун поку беолоишу зебо бошад, ҳатман зебоии феъл ва рафторро дар берун мушоҳида мекунем, яъне ба қавли шоир, «аз кӯза ҳамон таровад, ки дар ӯст». Яъне, ҳатто шахсе, ки шояд чеҳраи хушоянд надорад, бар асари зебоии дарун дар назари мардум ситорагарм менамояд».

Ҳамзамон, ба гуфтаи Тоҷиддин Асомиддинзода, масхара кардани шахсе, ки ягон нуқси ҷисмонӣ дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ раво нест. Дар Қуръони шариф омадааст, ки набояд қавме қавми дигар масхара кунад, зеро шояд дар назди парвардигор шояд мартабаи он болотар бошад. "Шеъре ҳаст, ки "Ҳеҷ кофарро ба нафрат нангаред, Ки мусалмон гаштанаш бошад умед».

Ба навиштаи расонаҳо, чанде пеш вазири фарҳанги Миср барои таҳқири як зани фарбеҳ дар меҳвари моҷаро қарор гирифт. Абдул Воҳид ал-Набавӣ зимни ташриф ба осорхонаи Маҳмуд Саид дар Искандария хонуми фарбеҳеро дида, билофосила ба таҳқири ӯ шурӯъ намуд ва гуфт, ки кормандони фарбеҳро чашми дидан надорад.

Ба иттилоли шабакаи телевизионии Ал-Арабия вазир аз мудири осорхона талаб кард, ки хонум Азза Абдул Мунеймро барои аз зинаҳо болову пойин давидан маҷбур созад, то вазнашро кам кунад. Дар ҳоле, ки хонум Азза хаставу бо бадани арақшор аз зинаҳо болову пойин медавид, вазир ва раиси осорхона ба ӯ киноя зада механдиданд.

Дар поёни ташрифи худ аз осорхона Ан-Набавӣ бо садои баланд ба хонум Мунейм гуфт, ки ҳар саҳар гирди боғ давиданро фаромӯш накунад.

Азза Абдул Мунейм, ки мутахассисаи варзидаи санъати пайкарасозист, дар бораи аз сӯи вазир таҳқиру масхара шуданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод ва ваъда супурд, ки баъд аз ин ҳатто як кило вазни худро кам нахоҳад кард.

Тоҷиддин Асомидинзода мутмаин аст, ки ин гуна бархӯрд на фақат дар шаъни як мусалмон, балки ба шаъни як мард ҳам нест…

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG