Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоҳо тоҷиконро бо вазъи Афғонистон ошно карданд


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Як ҳайати амрикоӣ таҳти раҳбарии Даниэл Розенблум, ёвари вазири умури хориҷии ИМА, ва мақомоти Тоҷикистон авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ба иттилои расмӣ, брифинг 24 апрел дар бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баргузор шуд. Ба ҳайати ИМА ёвари вазири дифоъ дар умури Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Кристин Абизайд ҳам шомил буд.

Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар,дар ин брифинг гуфт, ки "Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истиқрори сулҳу субот ва осоиштагӣ дар кишвари ҳамсоя мебошад. Кишвари мо дар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон фаъолона ширкат варзида, пуштибони татбиқи тарҳҳои муштараки минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, коммуникатсия ва инфрасохторӣ мебошад."

Ҳайати амрикоӣ дар ҷараёни брифинг дар бораи вазъи феълии амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон маълумот дод. Дар поёни нишаст дипломатҳои амрикоӣ ба суолҳои ҳамтоҳои тоҷикашон посух доданд.

Брифингҳои ҳайати ИМА оид ба Афғонистон дар Осиёи Марказӣ аз соли 2011 ба ин сӯ гузаронида мешаванд. Ҳадафи он, ба иттилои расмӣ, табодули назар дар бораи раванди эҳё ва истиқрори сулҳу амният дар Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG