Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заминларзаи нерӯяш 7,5 дараҷаи Рихтер рӯзи шанбе Непалро такон дод. Маркази заминларза дар 77 километрии шимолу ғарби пойтахти кишвар шаҳри Катманду ҷойгир буд. Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Аврупо дар Баҳри Миёназамин, маркази заминларза дар жарфои 31 километр аз сатҳи замин қарор дошт.

Дар бораи хисорот ва талафот бар асари ин офати табиӣ алҳол иттилоъ нарасидааст. Мақомоти Непал тасмим гирифтанд, ки парвозҳо аз фурудгоҳи Катмандуро мутаваққиф кунанд.

Заминларза он қадар нерӯманд буд, ки онро дар Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон, ки дар наздикиҳои марз бо Непал ҷойгиранд, низ эҳсос карданд. Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки ҳукумат талош дорад то дар бораи заминларза ҳам дар Ҳиндустон ва ҳам дар Непал ҳарчӣ бештар иттилоъ ба даст оварад ва ба осебдидагон кӯмаки фаврӣ расонад.

XS
SM
MD
LG