Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз Маскав хостааст, нафақаи муҳоҷиронро ҳал кунад


Мақомоти Тоҷикистон масъалаи нафақаи муҳоҷирон ва суғуртаи иҷтимоии онҳоро бо ҳамтоёни русашон дар миён гузошта, инчунин хостаанд, ки мӯҳлати гирифтани патент аз 30 то 90 рӯз дароз карда шавад.

Дар ҳоле ки Русия талош дорад, коршиносон ва мақомоти расмии ин кишвар ба Тоҷикистон омада, худашон ба ҷалби муҳоҷирони корӣ машғул шаванд, Душанбе хостааст, Маскав пеш аз ҳама масъалаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоии муҳоҷиронро ҳал намояд. Инчунин, ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, мӯҳлати гирифтани патент аз 30 то 90 рӯз тамдид шавад.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи раёсати муҳоҷират дар Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, Русия масъалаи нафақаро бо шартҳое пазируфтааст, аммо бимаи иҷтимоӣ ё суғуртаи иҷтимоиро рад кардааст.

Ҳоло музокироти ҷонибҳо барои баррасии ин масъалаҳо дар Маскав идома дорад. Ба гуфтаи оқои Қодирӣ як ҳайати кории ҳукумати Тоҷикистон ба сарпарастии Нурулло Маҳмадуллоев, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав қарор дорад, то дар бораи қарордоди нави миёни Тоҷикистону Русия музокиротро пеш барад. То поёни моҳи май ҳайатҳо ин масъалаҳоро баррасӣ ва қарордоди навро барои имзо омода мекунанд.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мехостааст, дар Тоҷикистон намояндагии худро боз кунад. Инчунин, бо пешниҳоди Русия ҷониби Тоҷикистон бояд муҳоҷирони ғайриқонунии худро ҳангоми “депорт” ё ихроҷ шуданашон аз ҳисоби худ ба Ватан баргардонад ва бояд дар ин маврид протоколе ба имзо расад. То ҳол Русия муҳоҷирони ғайриқонуниро дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ медошт ва онҳоро аз ҳисоби худ ба Тоҷикистон депорт мекард. Баъд аз имзои қарордод ва протоколи мазкур харҷи ин корҳо бар дӯши Тоҷикистон хоҳад афтод. Ин ҳуҷҷат “Протокол дар бораи реадмиссия” ном дорад. Аз чанд сол ба ин сӯ ин масъаларо Русия матраҳ мекунад, вале Тоҷикистон онро қабул намекард.

БА ҚАРОРДОДИ СОЛИ 2013 ЧӢ ШУД?

Қарордоди нави муҳоҷират аз боздиди 2 апрели Сергей Лавров - вазири умури хориҷии Русия аз Душанбе ва аз боздиди 4 марти соли 2015-и Қоҳир Расулзода - нухуствазири Тоҷикистон аз Маскав сарчашма мегирад. Оқои Лавров дар Душанбе ба матбуот изҳор дошта буд, “ҷонибҳо барои танзими равандҳои муҳоҷират 4 қарордоди дигар таҳия кардаанд ва ҳадафи аслии ин қарордодҳо аз соя берун овардани

Сергей Лавров
Сергей Лавров

муҳоҷирони корӣ ва ба коргари комилҳуқуқу ҳимоятшаванда табдил додани онҳост, то касе натавонад дар Русия аз нируи онҳо сӯистифода кунад”.

Ин дар ҳолест, ки 29 октябри соли 2013 низ ҳукумати Русия ва Тоҷикистон дар бораи танзими муҳоҷирати корӣ қарордод имзо карда буданд. Бар асоси он муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, бидуни берун рафтан аз қаламрави Русия барои 3 сол иҷозаи корӣ бигиранд. Русия ин қарордодро гӯиё дар ивази тамдиди 30-солаи ҳузури пойгоҳи 201 дар қаламрави Тоҷикистон имзо кард. Вале мӯҳлати эътибори ин моддаи қарордод на 30 сол, балки як солу як моҳ давом кард.

Сипас, моҳҳои ноябр ва декабри соли 2014 қарордоди соли 2013-ро сарфи назар кард ва ба муҳоҷирон фурӯши патентро оғоз намуд. Фурӯши патентҳо ба хотири он буд, ки дар авҷи бӯҳрони иқтисодиву молӣ аз фурӯши патентҳо даромадҳои аз дастрафтаро ҷуброн кунад. Кор бо ин ба поён нарасид. 11 январ Хадамоти муҳоҷирати Русия эълон кард, патентҳои соли 2014 эътибор надоранд ва бояд муҳоҷирон патенти соли 2015-ро бихаранд. Агар сарсониву саргардонии муҳоҷирони кории тоҷикро дар назар нагирем, Русия аз ин “эълон”-и худ танҳо аз муҳоҷирони кории тоҷик ва танҳо аз ҳисоби патентҳои дубора 80 миллион доллар ба таври расмӣ ҷамъ овард.

Каромат Шарифов
Каромат Шарифов

Каромат Шарифов - раҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо муҳоҷирон бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва аз ҳаққи худ дифоъ намоянд, зеро шартномаҳои байниҳукуматӣ нисбат ба дастурҳои даҳонакӣ ё қарорҳои хаттии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бартарӣ дорад.

"ЗӮР МАНФИАТИ ХУДРО ҲИМОЯ МЕКУНАД"

Муҳаммад Амин Маджумдер - раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия, ки ба он муҳоҷирони ҳамаи кишварҳо дохил мешаванд, ба Радиои Озодӣ гуфт, моддаҳое, ки Русия дар қарордоди нави муҳоҷират бо Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба нафъи муҳоҷир нест, балки ба нафъи мақомот аст ва кори онҳоро осон мекунад. Вай мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бояд иҷрои қарордодҳои худро назорат кунад, то Русия ба таври якҷониба мисли қарордоди соли 2013 онҳоро сарфи назар накунад, дар сурате ин қарордодҳои байниҳукуматӣ аз ҳар гуна патент бартарӣ доранд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик низ мегӯяд, “Русия ҳар коре, ки мекунад, ба манфиати худ мекунад. Агар мо натавонистем аз имконоту пешниҳодҳои худ истифода ва ҳимоя кунем, пас он мушкили мост, на мушкили Русия. Тоҷикистон ҳам метавонад дар ивази сарфи назар кардани қарордодҳои муҳоҷират қарордоди пойгоҳи 201 Русияро ба чолиш кашад, чун ин қарордодҳо дуҷониба ҳастанд”.

“БОЗИҲОИ НАВ”-И РУСИЯ БО МУҲОҶИРОН

Вақтҳои охир дар матбуоти Русия аз қавли мақомоти ин кишвар дар бораи баъзе тағйирот сару садо ба роҳ меандозанд. Масалан, Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба “Интерфакс” гуфтааст, дар кӯчаву хиёбонҳои Маскав муҳоҷирон камтар шудаанд. Пештар аз вай Додгоҳи шаҳрии Маскав пешниҳод карда буд, то муҳоҷиронеро, ки қонунро вайрон мекунанд, ба ватанашон депорт накунанд, балки онҳоро ҷарима кунанд. Онҳо ҷаримаро пардохт ва корро идома диҳанд.

Мантиқи ин гуфтаҳо ба ҳам наздиканд ва ниёзи бештари Русия ба муҳоҷирони кориро нишон медиҳанд. Агар қарордоди нави муҳоҷират ба имзо расад, ба эҳтимоли зиёд намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва мақомоти расмии Русия мустақим ба интихоби муҳоҷирон машғул хоҳанд шуд, зеро қарордод ба онҳо ин ҳақро хоҳад дод. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин миён онҳо беҳтарин мутахассионро аз соҳаҳои гуногун интихоб кунанд ва ба Русия фиристанд.

XS
SM
MD
LG