Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои ҳукумати Қирғизистон


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, истеъфои нахуствазир Ҷомарт Оторбоев ва тамоми ҳукумати ба раҳбарии ӯро пазируфт. Ҷомарт Оторбоев, рӯзи 23-уми апрел бинобар ҷанҷол бар сари истихроҷи баҳсбарангези кони азими тиллои Қумтор истеъфо дод. Ҳукумати эътилофии Қирғизистон 15 рӯз дорад, ки номзади нав ба мақоми нахуствазирро пешниҳод кунад. Ҷомарт Оторбоев то замони интихоби нахуствазири нав, салоҳиятҳои ӯро иҷро мекунад. Ҳукумати Қирғизистон айни замон сеяки саҳмияҳои ширкати Қумтор Голд-ро дар ихтиёр дорад ва бақияи он аз ширкати канадаии Сентерра Голд аст. Соли 2003 бар асоси қарордод 17 дар сади саҳмияҳоро ба ҳукумати Қирғизистон доданд ва бақияи онро ширкати Сентерра гирифт. Аммо соли 2009 баъди бознигарии қарордод, 33 дар сади саҳмияҳои кон ба ихтиёри ҳукумат гузашт. Аҳзоби мухолифи давлат ва мардуми маҳаллӣ хостори миллӣ кардани кон шуданд. Баъди ин музокирот дар бораи тақсими баробари саҳмияҳо оғоз ёфт. Пешниҳоди Ҷомарт Оторбоев, барои бештар кардани ҳузури намояндагони ҳукумат дар шӯрои мудирони кони Қумтор ба ҷойи таъсиси ширкати муштарак дар порлумони Қирғизистон сахт танқид шуд.

XS
SM
MD
LG