Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли 8 тифл аз Маскав ба Душанбе


23 апрели соли равон бо мусоидати Хадамоти консулгарии Сафорати Точикистон дар Русия 8 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистонро ба Ватан баргардонд. Ин кӯдаконро кормандони мақомоти дахлдори Русия ба сафорат оварданд. Дар ҳузури корманди Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ноболиғон ба намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тартиб додани санади дахлдор супорида шуданд. Ҳамзамон, 4 ноболиғи дигарро корманди Хадамоти консулии Сафорат дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз Хона-кӯдакистони махсуси шумораи 6-и шаҳри Маскав бо тартиб додани санади дахлдор қабул намуданд. Рузи 23 апрел бошад, як ноболиғт дигар аз Хона-кӯдакистони №2 Москва дар якҷоягӣ бо корманди масъули Хадамот ва намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ гирифта шуд. Ҳамаи ноболиғон ба намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии корманди Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Наҷмидинов С.М. супорида шудаанд. Модари яке авз кӯдакон ҳангоми таваллуди кӯдак вафот намуд. Модарони ноболиғони боқимонда бошанд, пас аз таваллуд аз фарзандони хеш даст кашидаанд. Дар маросими фиристодани тифлони тоҷик ба Ватан Сардори Хадамоти консулгарии Сафорати Точикистон дар Русия Ашраф Гулов изҳор дошт, ки хадамоти консулгарии Сафорат минбаъд низ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвадони ноболиғи Тоҷикистон дар қаламрави Русия тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати саривақт баргардонидани кӯдакони бепарастори кишвар ба Ватан кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG