Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олланд хостори "ибораи дигар"-и Туркия шуд


Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, аз Туркия хост, «ибораи дигаре"-ро ба ҷойи куштори дастаҷамъии 1.5 миллион арманӣ дар аҳди императории туркони усмонӣ ба кор барад. Ишораи ӯ ба ҳукумати Анкара буд, ки мегӯяд, ин куштори арманиҳо аз тарафи туркони усмонӣ наслкушӣ набуд, чизе ки Арманистон ба он таъкид мекунад. Франсуа Олланд дар ин бора дар маросими гиромидошти хотираи қурбониёни куштори дастаҷамъии арманиҳо дар шаҳри Ереван сухан гуфт, ки ин ҳодиса расо 100 соли пеш шурӯъ шуда буд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ дар ин маросим ҳузур дошт. Туркия мегӯяд, ки куштори дастаҷамъӣ наслкушӣ нест ва онҳое, ки кушта шудаанд, қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ ва бебандубориҳои солҳои ахири императории туркони усмонӣ ҳастанд. Владимир Путин аз хатари миллатгароӣ ва ба қавли ӯ “русҳаросӣ” ҳушдор дод, ки ишорае ба интиқоди Русия барои амалкардҳояш дар Украина аст. Серж Саркисиён раиси ҷумҳури Арманистон гуфт, умедвор аст, иқдомоти ахир барои эътирофи куштори арманиҳо ба ҳайси наслкушӣ, “торикии инкорҳои 100 соли ахирро” аз байн мебарад.

XS
SM
MD
LG