Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итолиё як шабакаи тундравонро ошкор кард


Маъмурони пулиси Итолиё алайҳи як шабака амалиёти террористиро оғоз кардаанд, ки ба бовари пулис аз Ал-қоида илҳом гирифтааст ва маркази фаъолияташ дар ҷазираи Сардиния будааст. Бар асоси баёнияи пулис, ин шабака “миқдори зиёди аслиҳа ва пайравоне доштааст, ки қабл аз бозгашт ба Итолиё ният доштаанд, дар Покистону Афғонистон амалҳои террористӣ анҷом бидиҳанд.” Мауро Мура, додситони кулли Итолиё, рӯзи 24-уми апрел дар шаҳри Каглиарӣ маркази маъмурии Сардиния, гуфт, имкон дорад, ки ин тундравон соли 2010 ҳамлаҳои террористӣ дар Ватиканро тарҳрезӣ кардаанд, вале онро анҷом надодаанд. Ба гуфтаи вай, аз сабти муколамаҳо бармеояд, ки онҳо ба ҳамлае ба Ватикан омодагӣ мегирифтаанд. Рӯзи 24-уми апрел амри боздошти 18 нафар содир шуд. Баъзе аз муттаҳамон, аз ҷумла пешвои рӯҳонии ин шабака дастгир шудааст. Бино ба гузоришҳо ду нафар аз муттаҳамон узви гурӯҳе будаанд, ки Усома бен Лодан, раҳбари Ал-Қоидаро муҳофизат мекарданд. Ба гуфтаи пулиси Итолиё, баъзе аз аъзои гурӯҳ дар ҳамлаи хунини моҳи октябри соли 2009 дар шаҳри Пешовари Покистон нақш доштаанд. Дар ин ҳамла 100 нафар, бахусус занону кӯдакон кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG