Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 25-26-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуд барои Ҷоми Пойтахт баргузор мешавад.

Мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон – Душанбе, ки рӯзҳои истироҳат - 25-26-уми апрел - дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳи 1941-1945 бахшида шудааст.

Ташкилкунандагони мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенниси шаҳри Душанбе” ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе мебошанд. Раҳбари ин корхона Тоҷиддин Тағоев рӯзи 24-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқа, ки барои бори чорум барпо мегардад, ҳудуди 40 нафар дӯстдорони теннис - намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд. Маросими кушоиши мусобиқа 25-уми апрел соати 11 дар Қасри тенниси Душанбе баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи як намуд – инфиродӣ сурат мегирад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Тағоев, ғолиб ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенниси шаҳри Душанбе”, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар, тӯҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати мобилии “Мегафон” сарфароз мешаванд. Инчунин ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашта дӯстдорони теннис - намояндагони шаш кишвар – Тоҷикистон, Русия, Украина, Олмон, Чин ва Ҳиндустон – иштирок доштанд. Дар сабқати ниҳоӣ байни мардон Қосим Раҷабмадов (Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон) бар соҳибкори душанбегӣ Шавкат Орифов пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ - Ҷоми Пойтахт-90 – сарфароз гашт. Ҷамолиддин Убайдуллоев (Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон) ва Григорий Багдасарян (Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе) ҷойҳои севумро гирифтанд.

Дар сабқати занон Мунаввара Раҳмонова (Ширкати мобилии Tcell) мақоми аввалро касб кард. Мария Никитюк (Сафорати Украина дар Тоҷикистон) ҷойи дувум ва Анастасия Тиссен (Намояндагии Бонки аврупоии рушд дар Тоҷикистон) ҷойи севумро соҳиб шуданд.

XS
SM
MD
LG