Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократ Ҳизби ваҳдатро "фурӯ бурд"


Ҳизби сабтиномнашудаи Ваҳдат, ки солҳо боз ба далели камбуд дар аснодаш натавонистааст худро дар Вазорати адлия ба қайд бигирад, рӯзи 24 апрел ба ҷузъе аз Ҳизби демократи Тоҷикистон табдил ёфт. Акнун тамоми тарафдорони ин ҳизби сабтиномнашуда шомили ҲДТ шуда, якҷоя фаъолият хоҳанд кард.

Ҳикматулло Саидов, раҳбари ҳизби Ваҳдат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте талошҳои мо барои бақайдгирӣ ноком анҷом ёфт, тасмим гирифтем, ба ягон ҳизби сиёсӣ ҳамроҳ шавем. Аз миёни ҳашт ҳизб ҳадафҳои мо бо ҳизби демократ мувофиқ омад."

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ин пештар гуфта буд, аз раҳбарияти ҳизби Ваҳдат як нафар ба ҳайси муовини раис ва ба садорати ҲДТ мансуб карда мешавад.

Масъулони ҳизби сабтиномнашудаи Ваҳдат иддао доранд, дар ҳоли ҳозир сафи тарафдоронашон ба ду ҳазор нафар мерасад. Ин ҳизб дар оғози солҳои 2000 дар Тоҷикистон таъсис шуда, аммо Вазорати адлия борҳо ба далели камбуд дар аснод сабтиномашро рад намудааст.

XS
SM
MD
LG