Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 9 марзбони афғонро куштанд


Ҷангҷӯёни Толиб 9 марзбони афғонро куштанд ва 8 ғайринизомӣ дар бомбгузории дигаре ҷон бохтанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Толибон рӯзи 22-уми апрел ба як посгоҳи сарҳадбонон дар вилояти шимолуғарбии Бодғис ҳамла кардаанд ва шоми ҳамон рӯз мошине дар вилояти Нимрӯз ба бомби канори роҳ бархӯрд ва дар натиҷа ҳамаи мусофирон аз ҷумла 4 кӯдак кушта шуданд. Амир Муҳаммад Охунзода, раиси вилояти Нимрӯз, гуфт, ки бомбгузорӣ кори дасти Толибон аст. Ҳарчанд ин гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале бомбгузорӣ бо ҳадафи куштани маъмурони амниятӣ яке аз усулҳои ҷанги Толибон бо ҳукумати Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG