Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гиромидошти ёди қурбониёни куштори дастаҷамъии арманиҳо


Дар Арманистон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон маросимҳои гиромидошти хотираи қурбониёни куштори дастаҷамъии арманиҳо дар аҳди императории туркони усмонӣ дар 100 соли пеш баргузор мешаванд. Интизор меравад, дар маросими гулгузорӣ дар гулхани абадӣ дар шаҳри Ереван, садҳо ҳазор нафар ширкат кунанд. Арманистон куштори дастаҷамъиро наслкушӣ меномад, вале Туркия мегӯяд, ки куштори дастаҷамъӣ наслкушшӣ набуд ва дар натиҷаи бебандубории солҳои ахири суқути императории туркони усмонӣ сурат гирифт. Масъалаи мазкур ба робитаҳои Туркия бо ҳамсояааш Арманистон ва дигар кишварҳои ҷаҳонро халадор кардааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, барои ширкат дар маросими гиромидошти хотираи қурбониён ба Арманистон сафар мекунанд. Ҷейкоб Лю, вазири молияи Амрико, ҳайати фиристодаи кишвараш ба Ереванро раҳбарӣ мекунад. Дар маросими дуо дар ҳаққи қурбониёни куштори дастаҷамъии арманиҳо дар Туркия, ки дар калисои арманиҳо дар Истанбул сурат мегирад, Волкан Бозкир, вазири Туркия умури Иттиҳоди Аврупо ҳузур меёбад. Маросимҳои гиромидошт дар шаҳрҳои дигари дунё аз ҷумла Париж ва Лос Анҷелес баргузор мешаванд, ки дар он шаҳрҳо диаспораҳои бузурги арманӣ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG