Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лангарчиев раиси “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” шуд


Шӯрои созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” мегӯяд, талошҳои он барои раҳоии бунёдгузор ва раҳбари ин созмон Мақсуд Иброҳимов натиҷа надодаанд ва биноан барои пешбурди кори ин созмон Маъруф Лангарчиев раис ва Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор ноиби ӯ интихоб шудаанд. Соҳибкор Маъруф Лангарчиев, шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон зодаи ноҳияи Шуғнони Вилояти кӯҳистони Бадахшон буда, солҳои охир дар Русия истиқомат мекунад. Ноиби ӯ Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор иқтисодшинос ва соҳибкори 34-солазодаи ноҳияи Рашт Тоҷикистон аст. Созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар соли 2014 бо ташаббуси ҷавонони тоҷики муқими Русия таъсис ёфта, дар байни муҳоҷирони тоҷик дар Русия фаъолияти сиёсӣ дорад. Он ҳадафи худро дар табдили ҳукумати феълии Тоҷикистон ва барқарории адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар меномад. Шӯрои созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” мегӯяд, Мақсуд Иброҳимов ба унвони роҳбари маънавии ин созмон боқӣ монда, бо озод шудан аз маҳбаси масъулияти раҳбарии онро бар дӯш хоҳад гирифт. Мақсуд Иброҳимов баъд аз шомил кардани созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ба эътилофе бо "Гурӯҳи 24" дар моҳи январи соли равон дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

XS
SM
MD
LG