Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 24 апрел дар Душанбе ҳамоиши нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ифтитоҳ шуд. Қодири Қосим -- раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон дар оғози ин ҳамоиш ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисоди кишварро муҳим хонд ва гуфтааст, муддати ҳафт сол боз Фаронса ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 16 миллион доллар ворид кардааст, ки ҳудуди 5 миллионаш сармояи мустақим аст.

Ба иттилои ҷаноби Қосим, дар ҳоли ҳозир мизони мубодилаи коло миёни Тоҷикистону Фаронса 8, 7 миллион долларро ташкил медиҳад, ки барои афзун кардани он тамоми имконоту шароитҳо дар ҳар ду кишвар вуҷуд дорад. Ба ин тартиб, соҳибкорони тоҷику фаронсавӣ, дар ҳамоиши Душанбе роҳҳои густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисод, назири энергетика, саноат, истихроҷи нафту газ, туризм, нақлиёту мухобирот ва бонкиро баҳсу баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, дар поёни ин ҳамоиш миёни соҳибкорону ширкатҳои тоҷику фаронсавӣ, қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Баргузории нахустин бизнес – форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаронса дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли гузашта терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо ҳимояи молии ҷониби Фаронса мавриди истифода қарор гирифт. Фаронса барои сохтмони ин терминал 190 миллион евро ба Тоҷикистон дода буд.

Дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса дар Душанбе ҳудуди 100 тоҷиру соҳибкор ва, инчунин, намояндагони 15 ширкати сармоягузории Фаронса ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG