Пайвандҳои дастрасӣ

Даври сеюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон имрӯз, 24 апрел, бо бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров шурӯъ мешавад.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 24 апрел, бо бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе – “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров оғоз меёбад. Ин бозӣ дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 17:00 шурӯъ мешавад.

Чаҳор бозии дигари даври сеюм рӯзи шанбеи 25 апрел байни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан - «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - «Равшан»-и Кӯлоб, «Хуҷанд»-и Хуҷанд - ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - «Барқи тоҷик»-и Душанбе барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки баъди натиҷагирии ду давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” ва “Хайр” бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷои аввал ва “Хайр” дар ҷои дувум қарор доранд. “Регар-ТадАЗ” ва “Вахш” бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

7-0

6

2

«Хайр» (Ваҳдат)

2

2

0

0

4-1

6

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

1

1

0

4-3

4

4

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2

1

1

0

1-0

4

5

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

3-2

3

6

«Равшан» (Кӯлоб)

2

0

1

1

3-4

1

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

0

1

1

0-2

1

8

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

1

0

0

1

1-2

0

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

2

0

0

2

0-4

0

10

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

1

0

0

1

0-5

0

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

24 апрел (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 17:00

«ИСТИҚЛОЛ» — «ПАРВОЗ»

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

25 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ХАЙР»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«ВАХШ» — «РАВШАН»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

«ХУҶАНД» — ССКА «ПОМИР»

Сардовар: Аъзамҷон Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «БАРҚИ ТОҶИК»

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG