Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти нигаронкунандаи Рамазон Қодиров


Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон, ки аз ҳимояти қобили мулоҳизаи Кохи Кремли Маскав бархӯрдор аст, ба афсарони ниҳодҳои интизомӣ гуфтааст, ки онҳо нируҳои амниятиеро, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо онҳо дар Чеченистон амалиёт анҷом медиҳанд, бояд ҳадафи тир қарор диҳанд.

Қодиров ин нуктаро дар як ҷаласа бо афсарони ниҳодҳои интизомӣ дар Грозний-маркази Чеченистон изҳор доштааст. Изҳороти вай аз телевизион пахш шудааст ва вай мегӯяд: “Ман ба таври расмӣ ба шумо мегӯям, агар ягон афсари амниятӣ, хоҳ аз Маскав бошад ва ё хоҳ аз Старопол бидуни иҷозаи шумо дар қаламрави шумо пайдо шавад, бипарронед. Онҳо бояд ин нуктаро дар назар бигиранд”.

Ин суханон нигаронии амиқро ба бор овардааст ва он беш аз пеш Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русияро дар вазъи ногувор мегузорад, ки чӣ тавр Путин амнияти Чеченистонро ба Қодиров вогузор мекунад.

Қодиров ин суханонро дар ҳоле изҳор доштааст, ки вақтҳои охир байни Қодиров ва баъзе мақомоти амниятии Русия ихтилофи назар ба вуҷуд омадааст.

XS
SM
MD
LG