Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди санҷиши хабари сӯхтор дар хобгоҳи Донишгоҳи 2-юми тиббии Русия ба номи Пирогов дар Маскав, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, хабарҳо дар бораи ҷароҳати донишҷӯёни тоҷик тасдиқ нашуд. Ба гуфтаи Эгамзод, имрӯз вай ин масъаларо дар мулоқоташ бо декани факултаи кор бо донишҷӯёни хориҷии ин донишгоҳ Георгий Беспалюк ва ҳам гурӯҳи донишҷӯёни тоҷики муҳассили ин донишгоҳ мушаххас кардааст. Ба иттилои ӯ, сӯхтор дар ошёнаи 7 хобгоҳ сар зад ва бештари осебдидаҳо шаҳрвандони Малайзия мебошанд. Ҷои зисти донишҷӯёни тоҷик асосан ошёнаҳои 2,3 ва 12 будааст ва нафаре аз онҳо дар ин сӯхтор осебе надидааст, гуфт Эгамзод.

Субҳи имрӯз матбуоти Русия бар пояи иттилои Вазорати беҳдошт навишт, дар миёни маҷрӯҳони сӯхтори дирӯза дар хобгоҳи донишҷӯён шаҳрвандони Тоҷикистон, Туркманистон, Ғано, Руанда, Сйера-Лионе ва Малайзия мебошанд. Дар дафтари матбуоти ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки аксар маҷрӯҳон хориҷӣ буда, аз 37 нафари дирӯз овардашуда имрӯз 36 нафарашон дар бемористонҳо бистарӣ шуданд. Сӯхтор шоми дирӯз эҳтимолан бар асари расиши ноқилҳои барқ ва ё таркиши оташдони барқӣ ё микроволновка рух додааст. Дар лаҳзаҳои сар задани сӯхтор аз дохили хобгоҳи донишҷӯён, ки аксарият хориҷиҳо мебошанд, 680 нафар берун оварда шуданд. Сӯхтор баъди 2 соат хомӯш карда шуд.

XS
SM
MD
LG