Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фуруди изтирории ҳавопаймои Boeing-737-и Тоҷикистон


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ҳавопаймои Boeing-737-и Тоҷикистон, ки аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти Маскав парвоз мекард, маҷбур шуд дар шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

Дар фурудоии маҷбурии ҳавопаймои Boeing-737-и Тоҷикистон дар Қазоқистон касе аз 165 сарнишин ва мусофиронаш осеб надидааст, аммо он чанд лаҳза бо мушкили фаннӣ дучор гаштааст.

Аз рӯи нақша ҳавопаймои Boeing-737-и Тоҷикистон, ки аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти Маскав парвоз мекард, мебоист дар соати 7:38-и субҳ дар фурудгоҳи шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон нишаста, маводи сӯхт мегирифт. Аммо дар соати 7.30 ронандагони ин ҳавопаймо ба маъмурияти фурудгоҳ паём доданд, ки ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ рӯбарӯ шудааст ва бояд билофосила биншинад.

Гуфта мешавад, фишори маводи сӯхт ба кори яке аз муҳаррикон ё моторҳои ҳавопаймо асар кардааст. Мутахассисон дар фурудгоҳ ба ҳолати садамавӣ омода шуданд. Ҳавопаймо беосеб ба замин фуруд омад.

Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр" дар шарҳи воқеа ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои Тоҷикистон бинобар кам шудани равғани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Қизилорда фуруд омад. Барои рафъи мушкили фаннӣ аз Тоҷикистон мутахассисон даъват шудаанд.

Барои мусофирон шароити истироҳат фароҳам оварда шудааст.Ба қисме аз онҳо дар меҳмонхонаи шаҳр ва қисми дигар дар бинои фурудгоҳ ҷой дода шудааст.

Феълан мутахассисон мушкили ҳавопайморо ҳал мекунанд ва дар назар аст, ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дар соати 17:00 парвозашро ба самти Маскав давом диҳад.

Дар моҳи майи соли 2013 ҳавопаймои “Боинг-737-400”-и хатсайри Маскав – Хуҷанд ба таври изтирорӣ дар майдони ҳавоии Хуҷанд фуруд омад. Дар ин ҳавопаймо, ҳамроҳ бо мусофирону ҳайати ҳавонавардон 100 нафар, аз ҷумла 10 кӯдак нишаста буданд.

Моҳи феврали соли 2013 ҳавопаймои "Boeing-737"-и ширкати "Тоҷик Эйр" баъд аз як соати парвоз ба фазои Душанбе баргашт ва ба таври изтирорӣ поин омад. Раёсати ширкати «Тоҷик-Эйр» гуфт, тасмими бозгашти ҳавопаймо бо 140 мусофираш як амали зарурӣ буд.

Моҳи июли соли 2008 "Boeing-747"-и “Тоҷик Эйр”, ки дар масири Хуҷанд -- Маскав парвоз мекард, бо иллати мушкили техникӣ дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон фуруд омад. Дар ҳавопаймо 147 мусофир ва 8 сарнишин буданд ва ба иттилоъи Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, ба нафаре аз онҳо осеб нарасидааст. Гуфта мешавад, ки системи поксозии ҳаво дар "Boeing-747" аз кор бозмондааст ва сарнишинон барои пойин шудан дар фурудгоҳи наздиктарин тасмим гирифтанд.

Ҳоло «Тоҷик-Эйр» 36 ҳавопаймо ва чархбол аст, ки аз ин теъдод 15 адад дар парвозанд. Соли 2011 "Тоҷик Эйр" ду ҳавопаймои бароҳати Боинг-737-300 ва МА-60-ро харидорӣ кард. Аммо баъд аз садамаи МА-60, ҳавопаймои тавлиди Чин ширкат аз истифодаи ин навъи ҳавопаймоҳо даст кашид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG