Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, машқҳо нақзи оташбас аст


Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ, акс аз бойгонӣ
Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ, акс аз бойгонӣ

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия ба Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст барномае, ки бар асоси он нируҳои Амрико нируҳои горди миллии Украинаро машқ медиҳанд, нақзи созишномаи оташбас дар муноқишаҳои шарқи Украина мебошад.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, ин иттиҳомотро Лавров дар ҷараёни як гуфтугӯи телефонӣ бо Ҷон Керрӣ матраҳ кард. Гуфтугӯи телефонӣ бо ибтикори Ҷон Керрӣ сурат гирифт. Амрико ин иттиҳомоти Лавровро рад кард.

Тақрибан 300 нафар ниманизомиёни Амрико дар вилояти Лвов дар ғарби Украина нируҳои Украинаро машқ медиҳанд. Ин машқҳо ба таври расмӣ 20 апрел оғоз ёфтаанд.

Бар асоси созишномаи оташбаси моҳи феврал, бояд ҳамаи “ташаккулҳои низомӣ”-и хориҷӣ, таҷҳизоти низомӣ ва низомиёни кироя фаро хонда шаванд.

Вале барои Киев ва Ғарб маълум аст, ки Маскав ба ҷудоихоҳони ҷонибдори худ дар шарқи Украина силоҳ ва ниру мефиристад. Маскав ин иддаоро рад мекунад, бо вуҷуди он ки Киев ва НАТО дар ин бора далелҳо доранд.

XS
SM
MD
LG