Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби қариб 4 соли ҳабс ба раиси "Ином"


Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи раиси бозори “Ином” Бурҳон Абдуллоев, ки ба оташ задани ин борзор айбдор мешавад, дар Додгоҳи вилояти Хатлон 3 солу 9 моҳи маҳрумият аз озодироталаб кард. Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи Бурҳон Абдуллоев 23 апрел ба радиои Озодӣ гуфт ,ки айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати зерҳимояи вай ҷазои баландатаринро талаб намуд. Бурҳон Абдуллоев рӯзи 19 декабри соли 2014 дар назди Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Душанбе аз сӯи маъмурони пулис боздошт ва ба Раёсати умури дохиии вилояти Хатлон интиқол ёфт. Бузургмеҳр Ёров ва Санавбар Абдуллоева -- ҳамсари Бурҳон Абдуллоев он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, додгоҳи Хатлон рӯзи 20 декабр бо нишондоди як сокини ноҳияи Шаҳритӯс – Ҳошим Ризвонов, ки гуфтааст, Бурҳон Абдуллоев ба вай дастури оташ задани бозорро дод, айбнома эълон кард. Бар асоси ин нишондод алайҳи Бурҳон Абдуллоев парванда боз шуд, аммо вакили мудофеи ӯ иттиҳом ва пешниҳоди ҷазоро беасос мешуморад. Баҳси бозори "Ином" дар Шаҳритӯси вилояти Хатлон замоне рӯ зад, ки Санавар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба ҳайси молики ин бозор иддао кард, Муҳибулло Саъдуллоев -- додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон қасди кашида гирифтани бозорро дорад. Баъдан вакили дифои Саъдуллоев эълон кард, онҳо низ дар таъсису фаъолияти бозор саҳм доранд ва танҳо мехоҳанд, моликияти худро аз хонаводаи Абдуллоевҳо ҷудо кунанд.

XS
SM
MD
LG