Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти 11 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман


Шаби 22 ба 23 апрели соли равон боз 11 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман бо ҳавопаймоҳои ҳарбии Русия ба Маскав оварда шуданд. Дар фурудгоҳи Домодедово аъзои ситоди вижаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, муовини раҳбари намояндагии хадамоти муҳоҷират Саид Боев асноди 8 нафарро, ки миёнашон 1 кӯдак низ ҳаст, ба тартиб оварда онҳоро тавассути хатсайри Москва -Душанбе ба Ватан фиристод. Пизишкон ва аҳли оилаи онҳо шоми имрӯз, 23 апрел ба Тоҷикистон хоҳанд расид. Намояндаи Хадамоти консулгарии Сафорат Баҳриддин Сулаймонов бо як нафаре аз ин тоҷикони аз Яман омада дар фурудгоҳи Внуково мулоқот намуд. Рӯшан шуд, ки мӯҳлати эътибори ҳуҷҷаташ ба итмом расидааст. Ҳоло ин мушкил бартараф шуда, маводи лозими ҷиҳати идомаи парвози шаҳрванд. Я.С. омода гаштааст. Бо бозгашти 11 нафар шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Яман кӯчонда шуданд, ба 190 наздик мешавад. Ҳамеша гуфта мешуд, ки шумори умумии онҳо дар Яман зиёда аз 200 нафар буд.

XS
SM
MD
LG