Пайвандҳои дастрасӣ

Як тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи вилояти Новгород ҳукми худро бар зидди як шаҳрванди Тоҷикистон содир кард. Ин шаҳрванди Тоҷикистон барои куштори 4 нафар муттаҳам дониста шуд.

Додситонии минтақа ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳукми абад маҳкум шудааст. Аз вай ном бурда намешавад.

Расидагӣ ошкор кардааст, ки 27 маи соли 2013 дар чанд хонаи рустои Окуловка ҷасади се зан ва як мардро бо захми корд пайдо кардаанд. Ба эҳтимоли даст доштан дар ин қатлҳо пулис марди сархуши 21 солаи шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кард.

Ҳамон рӯз ҳамчунин ошкор шуд, ки ин марди Тоҷикистонӣ бо корд ба як шаҳрванди Узбакистон низ ҳамла бурдааст ва вай фирор кардааст. Дар ҷараёни бозпурсӣ гунаҳгор ҳамаи иттиҳомотро эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG