Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

23 апрел низомиёни Покистон гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии ду рӯзи охир дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ 47 Толибро ба қатл расондаанд. Бино ба изҳороти низомиён, дар ин ҳамлаҳо мақарри шӯришиён дар рустои Датта Хел ҳадаф қарор гирифтааст.

Шумораи дақиқ ва номи кушташудагон маълум нашудааст, зеро ин минтақаи кӯҳистонӣ барои рӯзноманигорон дастнорас аст. Ин минтақа ба марзи Афғонистон наздикӣ дорад ва дар гузашта низ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Ҳамлаи ахири артиши Покистон бахше аз амалиёти зидди шӯришиён бар зидди Толибони Покистон ва Таҳрики Толибон аст,ки моҳи июни соли 2014 баъд аз ҳамлаи Ҳаракати Исломии Узбакистон ба фурудгоҳи Карочӣ сурат гирифта буд. Ҳаракати Исломии Узбакистон дар Афғонистону Покистон фаъол аст.

XS
SM
MD
LG