Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ҳукуматии Чин мегӯянд, ки дар натиҷаи пур шудани як кон аз селоб дар шимоли Чин 21 нафар коргарон ҷон додаанд. Шоми 19 апрел, вақте ки дар наздикии шаҳри Датонг селоб ба кон сарозер шуд, ҳамаи 247 коргар дар дохили он буданд.

Аз онҳо 223 нафар бидуни осеби ҷиддӣ аз кон берун омаданд ва 3 нафари онҳо ҳоло дар бемористон бистарӣ шудаанд. Бештар аз 600 нафар аз гурӯҳҳои наҷот аз дохили кон аз сӯрохиҳое, ки ба кон парма кардаанд, обро ба берун мекашанд.

Солҳои охир Чин амнияти конҳои худро то андозае беҳтар кардааст, вале саноати маъдан то ҳол яке аз бахшҳои хатарнок дар ҷаҳон боқӣ мемонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG