Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паради Рӯзи Пирӯзӣ 7 май баргузор мешавад


Бо сабаби сафари Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав ва ширкати вай дар паради ҳарбии Русия ба муносибати Рӯзи Ғалаба, паради ҳарбии Тоҷикистон 7 май баргузор хоҳад шуд.

Дар он зиёда аз 10 000 сарбозу афсари артиши миллӣ ва Вазораи корҳои дохилаи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин зиёда аз 100 низомии пойгоҳи 201 Русия низ дар он ширкат хоҳанд варзид.

Ҳамчунин намояндагони собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва 2500 қаҳрамонони ақибгоҳ низ дар паради 70-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон ҳузур хоҳанд дошт. Ҳоло дар Тоҷикистон 849 нафар собиқадорони ҷанг мондаанд.

XS
SM
MD
LG