Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати низомиёни тоҷик дар тамринҳои СҲШ


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, машқҳои низомии ҷузъу томҳои зудамали вазоратҳои дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 21 апрел дар Қирғизистон шурӯъ шуд ва то рӯзи шанбе давом мекунад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 23 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин машқи низомии чаҳоррӯза ҷузъу томи зудамали вазорати дифои Тоҷикистон ширкат дорад, ки дар доираи барномаи вазоратҳои дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Қирғизистон баргузор карда шудааст. Вай гуфт, вазифаи аслии ҷузъу томҳои зудамали ин кишварҳо, мубориза ва нобуд кардани ҳамлаҳои гурӯҳҳои тероористӣ дар шароити кӯҳдоман мебошад. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, чунин размоишҳои муштарак бо ниҳодҳои қудратии кишварҳои ҳамсоя имкон медиҳад, ки тавони ҳифозати ҷузъу томҳои вазорати дифоъ таҳким ёбад ва дар амри муқобила бо гурӯҳҳои терористӣ дар шароитии кӯҳсор омода бошанд.

XS
SM
MD
LG