Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ёрии Бритониё ба тарҳи CASA-1000


Сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Стенлӣ Филпотт ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки кишвараш аз тарҳи минтақаии эенержии CASA-1000 пуштибонӣ мекунад. Дар дидор бо вазири корҳои берунаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов сафири Бритониё гуфтааст, кишвараш дар сармоягузории ин тарҳ, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ва Қирғизситонро ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд дар назар дорад, сармоягузорӣ хоҳад кард. Тарҳи CASA-1000, ки аз соли 2012 ба ин сӯ баррасӣ мешавад, бо мушкили сармоягузорӣ рӯбарӯст. Алҳол барои ин тарҳ Бонки ҷаҳонӣ 45, ҳукумати Тоҷикистон 15, Агентии рушди Амрико ё USAID - 7,5 миллион доллар додаанд. Бонки Осиёии Рушд то чор соли оянда 70 миллион доллар ваъда кардааст. Ба қавли мақомот, Фонди Кувайт, кишварҳои араб ва Бонки таҷдиду рушди Аврупо аз сармоягузорони эҳтимолии ин тарҳ ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG