Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 22 апрел дар Душанбе қуръакашии тақвими бозиҳои сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 22 апрел дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), доир шуд, имсол 13 даста дар ду давра рақобат мекунанд.

Зикр шуд, ки дар мавсими соли 2015 дар сабқати лигаи аввал дастаҳои «Саройкамар» (Панҷ), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Исфара» (Исфара), «Эсхата» (Хуҷанд), МТО (Маркази тайёрии олимпии Хуҷанд), «Канд» (Конибодом), «Зарафшон» (Панҷакент), «Локомотив» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Ҳулбук» (Восеъ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ), «Чашма» (Шаҳритус), инчунин «Умед» (Душанбе), ки аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ташкил ёфтааст, ширкат меварзанд.

Ба ин тартиб, дар даври аввали мусобиқа, ки рӯзи ҷумъаи 1 май барпо мегардад, дастаҳои зерин бо ҳам рӯбарӯ мешаванд:

МТО (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Локомотив» (Душанбе)

«Канд» (Конибодом) – «Исфара» (Исфара)

«Умед» (Душанбе) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) – «Зарафшон» (Панҷакент)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Чашма» (Шаҳритус)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG