Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиби хуни Умаралӣ Қувватов маводи психотропӣ пайдо шудааст


Хабаргузории Анадолу ба нақл аз манобеи худ дар полис иттилоъ додааст, ки дар таркиби хуни раҳбари кушташудаи мухолиф Умаралӣ Қувватов маводи психотропии клозапин пайдо шудааст.

Пизишкони таҳқиқи ҷиноӣ гуфтаанд, дар таркиби хуни раҳбари пешини "Гуруӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов, ки 5 март дар Истамбул аз тарафи афроди ношинос бо зарби тир ба сараш кушта шуд, маводи психотропии клозапин пайдо шудааст. Ба гуфтаи онҳо, миқдори клозапин дар таркиби хуни Умаралӣ Қувватов ба андозаи кушанда зиёд набудааст, вале мутахассисон тахмин мезананд, ки он барои қатли ӯ ва аҳли оилааш ба кор рафтааст.

Клозапин доруи сахттаъсири психотропист, ки дар ҳолатҳои истисноӣ барои табобати шизофрения ё ҷунун истифода мешавад. Истеъмоли он ҳолати саргаронӣ, хоболудагӣ, беҳиссии инсонро ба миён меорад ва Дозаи баланди он метавонад кушанда бошад. Тавре хабар дода мешуд, 5 марти соли равон Қувватов, ҳамсар, ду фарзанд ва муҳофизаш пас аз хӯроки шом дар манзили ҳамдиёраш Сулаймон Қаюмов заҳролуд гашта, ҳангоми талоши рафтан ба бемористон дар яке аз кӯчаҳои минтақаи Фотеҳи Истамбул дар пеши назари аҳли оилааш ба зарби тири туфангчаи бесадо кушта шудааст. Полис се нафарро, бо шумули Қаюмов боздошт кардааст..

Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов низ дар мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ Сулаймон Қаюмовро ташкилкунандаи қатли шавҳараш номида, мегӯяд, онҳоро шаби 5 март махсус ба хонааш даъват кардаву ғизову шарбатҳои заҳролуд додаст. Ба гуфтаи хонумаш, Қувватов қабл аз тарки он манзил Қаюмовро айбдор кардааст, ки мехост онҳоро заҳр диҳад.

Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта ва рӯзи 9 март дар оромгоҳи Килёси ин шаҳри Туркия ба хок супурда шуд. Қувватов аз соҳибкорони дар гузашта муваффақ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт ва тиҷоратҳои марбут ба яке аз наздикони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро мечархонд. Аммо дар соли 2012 ӯву шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев бо тарки Тоҷикистон “Гурӯҳи 24”-ро таъсис доданд ва наздикони раисиҷумҳурро ба ғасби тиҷоратҳои худ айбдор карданд. Аммо ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” баъди фирори Қувватов ва Гадоев собиқаи раҳбарии Қувватов ба ин ширкатҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, Қувватов бо ин ширкатҳо “ҳамкорӣ” дошт, на “раҳбарӣ”.

Қувватов ду дафъа – аз декабри соли 2012 то сентябри соли 2013 дар Дубай ва аз декабри соли 2014 то январи соли 2015 дар Истамбул – бо тақозои мақомоти Тоҷикистонро, ки ӯро ба қаллобӣ ва дуздии беш аз 1 миллион доллар аз ширкатҳои ин кишвар айбдор карданд, боздошт шуд, вале дар ҳар ду маврид Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия аз истирдоди ин мухолифи ҳукумати Раҳмон ба Душанбе худдорӣ карданд.

Қувватов бо аҳли хонаводааш дар Туркия як соли охир ба сар мебурд ва мунтазири баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ буд.

XS
SM
MD
LG