Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул амалиёти "Азм"-и толибонро "тарғибот" номид


“Амалиёти баҳорӣ бо номи рамзии “Азм” соати 5-и бомдоди 24 апрели соли 2015 оғоз хоҳад ёфт”. Ин изҳороти толибони Афғонистон рӯзи 22 апрел аз тариқи почтаи электронӣ ба расонаҳои хабарӣ расид

Толибон гуфтаанд, ки “ишғолгарони хориҷӣ”, пеш аз ҳама пойгоҳҳои низомии онҳо, мансабдорони “режими лухтакмонанд”, ниҳодҳои онҳо, ба вижа, хадамоти кашф, вазорати умури дохилӣ ва мансабдорони вазорати дифоъ ҳадафи аслӣ қарор мегиранд.

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 22 апрел изҳороти ҷунбиши “Толибон”-ро тарғибот номид ва эълом дошт, ки низомиёни кишвар барои посух додан ба ҳама гуна ҳамла омодаанд.

Таҳдиди “Толибон” дар ҳолест, ки тайин солҳои ахир нерӯҳои амниятии Афғонистон бори аввал бидуни ширкати теъдоди бузурги низомиёни хориҷӣ бо ҷунбиши “Толибон” вориди набард мешаванд. Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 12 ҳазор афсару сарбози хориҷӣ, аз ҷумла, 9800 низомии амрикоӣ мустақаранд ва ба тамрину омӯзиши нерӯҳои амниятии афғон машғуланд.

Аз сӯи дигар, ба назар мерасад, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам барои ҳукумати Кобул дарди сари нав эҷод кардааст. Масъулияти ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар шарқи Афғонистонро, ки бар асари он 33 нафар кушта ва беш аз сад каси дигар маҷрӯҳ шуданд, маҳз ҳамин гурӯҳ бар дӯш гирифт. Гуфта мешавад, ки ин нахустин ҳамлаи пурқурбонии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон аст. Рӯзи ин ҳамла, 18 апрел, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Теҳрон буд ва баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ эълом дошт, ки Кобулу Теҳрон имкони амалиёти низомии муштарак алайҳи гурӯҳи “Давлати исломи”-ро баррасӣ карданд.

Воҳидхон Миртоҳир, афсари воломақоми полиси марзии вилояти Тахори Афғонистон ҳам, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ, изҳороти Толибон барои аз рӯзи 24 апрел аз сар гирифтани амалиёти баҳориро тарғиботи ситезаҷӯён номид ва гуфт, ки ҳамлаҳои ин гурӯҳ алайҳи нерӯҳои амниятӣ ва мансабдорони ҳукуматӣ ҳеҷ вақт мутаваққиф нашуда буданд. Ба гуфтаи ӯ, "як моҳ боз амалиётҳои онҳо дар вилоятҳои Қундуз, Бадахшон, Форёб, Кунар бо шиддат идома дорад". Мусоҳиби мо мегӯяд, нерӯҳои афғон дар қиёс бо чанд соли пеш тавонмандии онро доранд, ки алайҳи ин гурӯҳҳо муқовимати шадид кунанд.

Ҳамзамон афсари афғон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шояд имсол, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ, вазъ дар шимоли Афғонистон бадтар шавад ва толибон талоши ҳарчӣ наздиктар шудан ба марзи Тоҷикистонро кунанд. "Толибон" мехоҳанд, ки фаъолияти худро дар вилоятҳои Бадахшону Тахору Қундуз ба хотири наздик шудан ба марзҳои Тоҷикистон ва Чин густариш диҳанд ва ҳоло афроди марбут ба Тоҷикистон, Узбакистон, Чеченистон ҳамроҳ бо толибон дар ҳамаи ин вилоятҳо мустақаранд. Аз сӯи дигар толибҳо талош доранд, ки амалиётро аз манотиқи ҷанубӣ ба шимоли Афғонистон интиқол диҳанд", мегӯяд афсари афғон. .

Аз ин пеш Зикриё Савдо, узви комиссиюни амниятии парлумони Афғонистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки фақат дар дараи Хастаки волусволии Ҷурми Бадахшон аз 200 то 400 толиби хориҷӣ аз Чин, Чеченистон, Узбакистон ва Тоҷикистон мустақаранд. Маҳз онҳо ҳафтае пеш ба як постгоҳ дар ин волусволӣ ҳамла карда, 18 сарбозро ба қатл расониданд. Ситезаҷӯён силоҳи зиёдеро бо худ бурданд ва мошинҳоеро, ки аз ҷой ҷунбонда натавонистанд, оташ заданд.

Ба иттилои вазорати дифои Афғонистон, фақат дар чанд рӯзи ҳамлаҳо ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Бадахшон дасти кам “33 сарбоз шаҳид, маҷрӯҳ ва ё беному нишон шудаанд”.

XS
SM
MD
LG