Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Қирғизистон як марди узбакро барои талоши рабудани арӯс боздошт карданд. Полиси шаҳри Ӯш рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки як марди 27-солаи ноҳияи Кувасойи Узбакистон мехоҳад як хонуми 20-солаи сокини шаҳри Ӯшро рабуда бо ӯ хонадор шавад.

Алайҳи шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми рабудани зан барои никоҳи иҷборӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қирғизистон баъд аз интиқоди шадиди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар барои нодида гирифтани арӯсрабоӣ, ки садсолаҳо дар ин кишвар идома дорад, муҷозот барои ин падидаро шадидтар кард. Акнун барои рабудани арӯс то даҳ соли маҳбас ҷазо муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG