Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳло Мӯсоева сухангӯи шаҳрдории Душанбе шуд


Мудири шабакаи телевизионии “Пойтахт”, Шаҳло Мӯсоева, ба вазифаи сухангӯи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъин шуд. Ин дар ҳолест, ки суханшгӯи пешинаи шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов ду рӯз пеш мудири шабакаи телевизионии “Пойтахт” таъин шудааст. Ба ин тартиб ду корманди масъули ҳукумати шаҳри Душанбе бо ҳам ҷой иваз карданд. Пеш аз таъин шуданаш ба вазифаи мудири шабакаи телевизионии “Пойтахт” Шаҳло Мӯсоева муддате мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе ва муовини раиси Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG