Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: С-300 барои Амрико монеа нест


Дар сурати аз сӯи Русия ба Эрон фурӯхтани таҷҳизоти мушакии С-300, ИМА тавони онро дорад, ки дар сурати зарурӣ аз ин хатти дифоъӣ убур кунад.

Изҳороти Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар ин бора шоми 21 апрел дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии MSNBC пахш шуд. Ӯ афзуд, ки Амрико, чун пештара, фурӯши ин таҷҳизоти мушакӣ ба Эронро маҳкум мекунад. Аз ин пеш сарвари Амрико аз он изҳори ҳайрат карда буд, ки Русия муддати тулонӣ эмбарго барои фурӯши С-300 ба Эронро лағв накард.

Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зери фармон дар бораи лағви эмбарго ба фурӯши таҷҳизоти мушакиии С-300 ба Эрон имзо гузошт. Тасмим дар бораи манъи фурӯши С-300 ба Теҳрон соли 2010 гирифта шуда ва чанд муддат ба робитаҳои миёни Русияву Эрон соя андохта буд.

Бархе аз кишварҳои ғарбӣ аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки тасмими Маскав барои фурӯши С-300 ба Эрон шояд дар имзои созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон мушкил эҷод кунад. Қарор аст, ки ин санади таърихӣ охири моҳи июн имзо шавад. Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху гуфта буд, ки фурӯши таҷҳизоти мушакиии С-300 Эронро хашинтар ва Ховари Миёнаро ноамнтар мекунад.

XS
SM
MD
LG