Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 22 апрел волии вилояти Краснодар Александр Ткачевро вазири кишоварзии Русия таъин кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кремл, сарвари кишвар дар мулоқот бо Ткачев ба ӯ супориш дод, рӯи ҳалли мушкили тавлидоте тамаркӯз кунад, ки бояд маҳсулоти аз хориҷа воридшавандаро иваз намоянд. Ба гуфтаи Путин, бояд бозорро бо маҳсулоти ватанӣ пур кард, то ки бозори озуқа ба эътидол ояд ва нархҳо пойин раванд.

Александр Ткачев дар мақоми вазири кишварзии Русия Николай Фёдоровро иваз кард, ки мушовири раисиҷумҳур дар умури рушди саноати кишоварзӣ таъин шудааст. Вениамин Кондратев,муовини раиси Раёсати идораи корҳои раиисҷумҳур, волии Краснодар таъин шуд.

Александр Ткачев аз соли 2001 раҳбари вилояти Краснодарро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG