Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси олими рус барои фошсозии сирри давлатӣ


Владимир Голубев

Владимир Голубев

Додгоҳи шаҳри Сароваи вилояти Нижний Новгороди Русия рӯзи 22 апрел ҳукми ҳабси собиқ корманди илмии Маркази федеролии ҳастаии Русия Владимир Голубевро содир кард. Ба гуфтаи вакили дифои ӯ Евгений Губин, донишманд дар фош кардани сирри давлатӣ айбдор мешавад.

Евгений Губин дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо тавзеҳ кард, ки ҳукми додгоҳ бар пояи аризаи муфаттиши аршади раёсати Хадамоти федеролии амнияти Русия дар вилоят содир шудааст.

Владимир Голубеви 66-сола аз толори додгоҳ ба боздоштгоҳ интиқол ёфт ва қарор аст, ки тайи ду моҳ он ҷо бимонад. Вакили дифоъ изҳор намуд, ки аз болои ҳукми додгоҳи маҳаллӣ ба додгоҳи сатби боло шикоят мебарад.

Гуфта мешавад, ҳабси Голубев бо нашри гузориши ӯ дар бораи маводи тарканда рабт дорад, ки онро дар конфаронси илмӣ дар шаҳри Прага дар соли 2013 қироат карда буд.

Парванда алайҳи донишманд дар бораи фошсозии сирри давлатӣ моҳи июли соли гузашта боз шуда буд.

Владимир Голубев худро гунаҳкор намешуморад ва мегӯяд, маълумоти дар гузориши ӯ овардашуда сирри давлатӣ нестанд, зеро қаблан дар дигар нашрияҳои илмӣ чоп шуда буданд.

XS
SM
MD
LG